расидан

расидан
[رسيدن]
1. омадан, ворид шудан; расида омадан дар вақт ва мавриди даркорӣ ба ҷое ворид гардидан
2. васл шудан, ноил гардидан, даст ёфтан; ба хурсандӣ расидан
3. бархӯрдан, тамос ёфтан, дакка хӯрдан (чизе ба чизе)
4. наздик шудан, фаро расидан
5. дастрас шудан, маълум гардидан, шунида шудан; даҳон ба даҳон ба ҳар кас расидани хабаре
6. кифоя кардан, басанда будан
7. бархӯрдан (мас., тир ба ҳадаф), задан
8. даромадан (аз синне ба синне)
9. камол ёфтан, болиғ шудан; расида шудан ба балоғат расидан
10. пухтан (мева, ҳосили кишт); ҳосил расидан
11. фарбеҳ (солим) шудан
12. зан шудан, ба издивоҷи касе даромадан
13. дамидан, ба тоб омадан (мас., хамир, замини корам); расида гирифтан омада баробар шудан бо касе, ки пеш рафтааст; расидан ба касе баробар шудан, ҳамто шудан ба касе; ба доди касе расидан ба касе мадад кардан, мушкили касеро осон намудан, додрасӣ кардан (ба касе); дандон ба дандон расидан сахт ба ларза афтодан; аҷал расидан омадани вақти марг; ба гӯш расидан шунида шудан; ба давлат расидан соҳиби молу сарват гардидан; ба дидор расидан ба дидани касе ноил шудан; ба ёд (хотир) расидан ба ёд омадан; ба касе расидан (дар коре) баробар шудан, ҳамтову монанд шудан; ба мурод расидан ба мақсад ноил шудан, ба амал омадани орзу; ба назар расидан дида шудан, намоён будан; ба охир расидан тамом шудан, итмом ёфтан; ба пирӣ расидан пир шудан; ба синни мактабӣ расидан мактабхон шудан, мактабрав шудан; ба сӯҳбати касе расидан бо касе ҳамсӯҳбат шудан, ба шарафи мулоқоти касе ноил шудан; ба шахсияти касе расидан касеро таҳқир кардан, сухани таҳқировар гуфтан; ба ҳалокат расидан нобуд шудан, ҳалок гардидан; ба ҳамдигар расидан бо якдигар вохӯрдан, бо ҳам мулоқот доштан, ба воситаи якдигар расидан; ба ҷазои худ расидан сазои амали бади худро дидан; ба ҷон расидан безор шудан, ниҳоят дилгир шудан; гап расидан ба касе мавриди маломат қарор гирифтан, коҳиш шунидан, мавриди эрод шудан; даст нарасидан ба коре фурсати ба ҷо овардани кореро надоштан; ба сархорӣ ҳам дасташ намерасад; ёрӣ расидан омадани имдод аз ҷое, мадад расидан; зарар расидан осеб ворид омадан; ришу мӯйлаб расидан зиёд шудани мӯи риш ва мӯйлаб
◊ сар ба осмон расидан ба ниҳояти хурсандӣ ва ифтихор ноил шудан, хеле хушбахт шудан; ба як ҷо расида мондани синну сол куҳансол шудан (солхӯрда) шудан, пир шуда мондан; сахт расидан боиси малоли хотир ё ранҷиш шудани сухани касе ба касе; ҳақ ба ҳақдор расидан ғалаба кардани ҳақиқат, ҳақ барқарор шудан; мо худ нарасидем, ту шояд бирасӣ (зарб.)

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем сделать НИР

Полезное


Смотреть что такое "расидан" в других словарях:

  • расиданӣ — [رسيدني] қобили расидан, он ки ё он чи бояд бирасад; пухтанӣ, наздики пухтани мева …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • сар — I [سر] 1. узви бадани инсон ва ҳайвон, ки мағз, чашм, гӯш, бинӣ ва даҳон дар он қарор дорад, кала 2. оғоз, аввал, ибтидо; сари бозор, сари кӯча, сари таҳсил, сари тобистон, сари шаб 3. боло, рӯи; сари болин, сари кӯҳ, сари сина 4. нӯг; сари ришта …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • исобат — [اصابت] а 1. кит. расидан, дуруст расидан, рост омадан: исобати қуръа ба номи касе 2. ба ҳадаф расидан, ба нишон расидан ( и тир) …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • лаб — [لب] 1. канори берунии атрофи даҳони одам ва баъзе ҳайвонҳо, ки дандонҳоро мепӯшонад: лаби боло, лаби поин, лаби тунук, лаби ғафс, лаби гулгун, лаби майгун, лаби пурханда, лаби хандон, лаби ҷонбахш, кунҷи лаб, лабро пок кардан, лабони касе ба… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • наздик — [نزديک] 1. он чи аз ҷиҳати макон, замон ва масофа дур намебошад, қариб; муқоб. дур 2. қарин, ҳамдам, муқарраб: дӯсти наздик, одами наздик; наздикон хешу ақрабо, хешовандон 3. монанд, шабеҳ; наздики… ба назди…, ба пеши… дар ояндаи наздик ба… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • омадан — [آمدن] 1. ба ҷое ворид шудан, ба ҷое расидан; муқоб. рафтан 2. расидан 3. фаро расидан 4. шудан; лозим омадан, наздик омадан, дучор омадан, ҷамъ омадан 5. бо исмҳои маънӣ омада, воқеъ шудани ҳолате ё ҳодисаеро мефаҳмонад; гиря омадан, ханда… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • чашм — [چشم] 1. узви биниш дар инсон ва ҳайвон; чашм(он)и бодомӣ чашми бодомшакл; чашми тар дидаи гирён; чашми тира чашми камнур ва хира; чашм(он)и мешӣ чашмони калон калони сиёҳ; чашмони шаҳло чашми сиёҳи моил ба кабудӣ, ки бисёр зебо ҳисоб меёбад; ба… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ҷазо — [جزا] а 1. мукофоти бадӣ, сазои кори бад ё гуноҳе; подош, музд; ҷазои олӣ, ҷазои марг ҳукми қатл; рӯзи ҷазо а) рӯзи азобу машаққат, рӯзи сазодиҳӣ, рӯзи ҳисобот барои кирдорҳои худ; б) д. рӯзи қиёмат, рӯзи маҳшар, рӯзи ҳисоби бандагон аз кардаи… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • авҷ — [اوج] а 1. боло, баландӣ, нуқтаи баландтарини ҳар чиз, нуқтаи олӣ 2. дараҷаи баланд, авҷи баҳор ҳангоми нашъу нумувви табиат ва шукуфои рустаниҳо; авҷи девонагӣ шиддати девонагӣ; авҷи кор ҳангоми ҷӯшу хурӯши кор; авҷи осмон // авҷи фалак… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • аҷал — I [اجل] а 1. кит. муддат, мӯҳлат; вақт, ҳангом 2. ба охир расидани умр, марг; дард дигар, аҷал дигар (зарб.); аҷали муаллақ марги ногаҳонӣ; аҷал расидан умр ба интиҳо расидан, марг наздик шудан; агар аҷал амон диҳад зиндагиву саломатӣ бошад, агар …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»